Ду дастгоҳи пуриқтидори пойгоҳи обкашӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ворид карда шуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифодабарии замин, рӯёнидини ду-се ҳосил дар як сол ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ду адад агрегати пуриқтидори пойгоҳи обкашӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ворид карда шуд.

Ин дастгоҳҳои пуриқтидор барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии зиёда аз 3000 га заминҳои кишоварзӣ истифода бурда мешавад. Заминҳои кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов бинобар фарсуда шудани дастгоҳҳои обкашӣ солҳои охир аз таъминот бо оби полезӣ танқисӣ доштанд. Дар ноҳия тавассути панҷ пойгоҳи обкашӣ 12 500 га замин обёрӣ карда мешавад. Ин иқдоми Раиси вилоят саривақтӣ буда, дар мавсими имсола танқисии оби полезиро аз байн мебардорад ва барои рӯёнидани ҳосили фаровон мусоидат менамояд.

Дар минтақаи Рухак дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда аз нав барқарор шуда истодааст. То имрӯз зиёда аз 400 га замин барқарор карда шуда, дар он кишти полезӣ, лӯбиёгӣ, ғалладонагӣ, боғу токзори нав бунёд гардид, ки бо насб шудани дастгоҳҳои муосир обёрии ин минтақа боз ҳам беҳтар мегардад ва барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав замина мегузорад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh