Шиносоии Раиси вилоят аз ҳавлии истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳавлии истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти парвариши помидор, бодиринг ва самаранок истифодабарии қитъаи наздиҳавлигӣ шинос шуд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифодабарии замин, рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат собиқадори меҳнат, кишоварзи варзида Асатулло Ҳабибуллоев амал намуда, замини наздиҳавлигиашро самаранок истифода мебарад.

Ӯ ҳамчун деҳқони пуртаҷриба тамоми фасли сол деҳқонӣ намуда, ҳосили фаровон мерӯёнад. Ҳангоми суҳбат ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баён дошт, ки дар фасли тирамоҳ кабудӣ, дар фасли зимистон парвариши кӯчати сабзавот, аввали баҳор ва тобистон бошад, ба парвариши помидору бодиринг машғул мебошад.

Ба гуфтаи мавсуф аз ҳамин қитъаи кишти бодиринг то 3 тонна ҳосил руёнида мешавад. Ғайр аз помидору бодиринг дар ҳавлиаш намудҳои серҳосили токи ангури “Суғдиён” ва дарахтони мевагиро парвариш намуда, барои озуқадиҳӣ аз биогумуси ихтирои худӣ истифода менамояд, ки барои сабзиш ва парвариши сабзавот ва дарахту ток хеле фоиданок ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода таҷрибаи кори Асатулло Ҳабибуллоевро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, ба масъулин супориш дод, ки бояд ҳар як сарвари хоҷагӣ бо замин чунин муносибат намояд.

Асатулло Ҳабибуллоев 65 сол дошта, бо ҳамсараш 45 сол инҷониб зиндагии хушбахтона дорад, соҳиби 4 фарзанд, 13 набера ва се абера мебошад. Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии Оила ин хонаводаи намунавиро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муборакбод намуда, туҳфаҳо супорид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh