Оғози кишти пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти пахта шуруъ намуданд.

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи оғози кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии «Яккатут»-и Ҷамоати деҳоти Ғўлакандози ноҳия ширкат варзид.

Тавре ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, хоҷагии деҳқонии “Яккатут”  99,63 гектар замини корам дорад, ки  дар 53,5 гектари он кишти пахтаи навъи «Эдесса»дар  назар аст.

Дар 0,5 гектар кишти каду ба нақша гирифта шуда, дар 19,43 гектар гандум, 7 гектар беда, 4 гектар сабзовот кишт шудааст. Хоҷагӣ ҳамчунин дорои 15,2 гектар боғот буда, ҳамасола даҳҳо тонна меваҳои гуногун ҷамъоварӣ карда мешавад.

Раиси вилоят ба кишти пахта дар ноҳия оғоз бахшида, ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh