ИМРӮЗ БИКУН, ЧУ МЕТАВОНӢ КОРЕ…

Деҳқонони солор дар гузашта гуфтаанду имрӯз низ кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ мегӯянд: - Яхоб ин равғани замин аст. Ин ифодаву воқеияти маданияти заминдориву ҳосилрасониву муваффақияти корро сарвари хоҷагии оилавии мавзеи Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳқонзодаи соҳибтаҷриба Абдурауфи Хоҷамбердизода ба забон оварда, изҳор намуд, ки агар дар фасли сармо замин яхоб хӯрад, дар мавсими киштукор намии муқаррарӣ пойдор мемонад, ҳашаротҳои зараровар нобуд мешаванд ва таркиби хок аз оби захиравию сабзишӣ баҳраманд мегардад. Аз мушоҳида ва таҷрибаву дониши назариявии мутахассисон ҳам яхобмонӣ – оби захиравӣ фоидаи калон дошта, ба замини киштбобу корам қувват ато мекунад, хокро нармиву эъҷоз мебахшад.

Мо бо такя ба фоидаи яхобмонӣ ва рафти корҳои агротехникии обрасонӣ, гузаронидани тадбирҳои мавсимӣ аз соҳаи кишоварзии ноҳияҳои мансуби хоҷагии қишлоқи вилоят, махсусан бо ноҳияҳои Панҷакент ва Истаравшан шинос шудем. Умуман, дар вилоят рафти гузаронидани тадбири яхобмонӣ хуб ҷараён дорад. Яъне дурнамои яхобмонии заминҳои киштбобу корами обӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров мутаносибан аз 103,7 то 184,4 фоиз таъмин карда шудааст. Вале вазъи яхобмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи дигар – Деваштич, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент хеле ва хеле таассуфбор аст. Агар ба рақамҳо зеҳн монем, вазъро бозгӯй мекунанд, ки ҳоҷати таҳлил намемонад. Фақат дар ноҳияи Конибодом, ки дурнамои яхобмонии замин 900 гектарро ташкил медиҳад, танҳо дар 470 гектар ин тадбири фаровонҳосилӣ гузаронида шудааст, ки 52,2 фоизро ташкил медиҳад.

Тадбири дигари фаровонҳосилӣ ва маданияти заминистифодабарӣ ин шӯршӯии қитъаҳои корам мебошад. Мувофиқи вилоят бояд дар асоси дурнамо 1 ҳазор гектар шӯршӯии замин гузаронида шавад. Дар асоси нишондиҳандаҳо то имрӯз дар 1164 гектар ин тадбир иҷро шудааст. Ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Спитамен, Ҷаббор Расулов шӯршӯии заминро дар қиёс аз 100 то 132 - фоизӣ иҷро намудаанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар дигар ноҳияҳо шӯршӯии замин нишон дода нашудааст.

Шояд таркиби хок ва умуман замини киштбоби ин ноҳияҳо шӯригӣ надошта бошад?

То ба имрӯз мувофиқи вилоят дар умум 15319 гектар яхоб монда шудааст, ки дар қиёс бо дурнамо 1319 гектар зиёд мебошад. Ин нишондод шоиста аст, зеро кишоварзон моҳият ва аҳамияти яхобмониро комилан эҳсос намудаанд ва ба ҳосили фаровони соли равон умеди нек доранд. Дар шаҳри Истаравшан 16 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об мавҷуд буда, хоҷагиҳои кишоварзӣ тариқи онҳо аз ҳисоби обанбори «Зарринруд» обёрӣ карда мешавад. Тоҳир Абдувоҳидов дар суҳбат ба мо чунин гуфт: - Тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардида, яхобмонӣ дар майдони 4670 гектар гузаронида шудааст. Аз тарафи Ассотсиатсияҳои «Уруқ», «Қозӣ»,«Дӯстӣ», «Яккатол» ва «Диёр» дар майдони 1455 гектар боғу токзорҳо ва заминҳои кушод яхобмонӣ гузаронида шудааст, ки ин асотсиатсияҳо дар Ҷамоати деҳоти Сабристон қарор доранд. Дар Ҷамоати деҳоти Гули Сурх бошад, тариқи АИО «Сайёд» ва «Чорёр» дар майдони 1160 гектар яхоб монда шудааст.

Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол аз ҳисоби АИО Ҷарқӯрғон, «Сӯфиориф», «Оби ҳаёт», «Мусаффо», «Ваҳдат», «Қалъачаи Араб» ва «Лакат» дар майдони 1017 гектар боғу токзорҳо ва замини кушод яхоб гузаронида шудааст. Дар Ҷамаоти деҳоти Ниҷонӣ бошад, АИО «Ниҷонӣ» дар майдони 832 гектар яхоб гузаронида шуда, дар ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калон туфайли АИО «Қалъачаи калон» дар майдони 206 гектар боғу токзорҳо ва замини кушод яхоб монда шудааст. Айни ҳол дар заминҳои АИО «Ниҷонӣ», АИО «Сӯфиориф», АИО «Ҷарқӯрғон» ва АИО «Чорёр» яхобмонии боғу токзор давом дорад.

Сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент Ғолибҷон Гадоев иброз дошт, ки яхобмонӣ тибқи дурнамо, дар 2200 гектар бояд ҷараён гирад. То ба имрӯз дар 2075 гектар ин тадбири деҳқонӣ гузаронида шудааст, ки 94 фоизро ташкил медиҳад.

Бо факту рақамҳо шинос мешавем. Ҷамоатҳои деҳоти ин шаҳр, ки кишоварзиро вусъат медиҳанд, дар умум чордаҳ номгӯйро фаро мегиранд, афсӯс ки нишондиҳандаҳои дурнамо дар ягон ҷамоати деҳот ба сад фоиз нарасидааст. Дар ҳудуди 67 - 81 то 92 - 97 фоизӣ қарор доранд. Чунонки мегӯянд, вақт рафт, нақд рафт. Рӯзҳо мегузаранд, кай тадбирҳои фаровонҳосилӣ ҷиддӣ амалӣ мешаванд? Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ҳамагӣ 30 гектар дурнамои яхобмониро доранду то имрӯз фақат дар 20 гектар ин тадбири ба даст овардани ҳосили фаровон амалӣ гардидаасту халос.

Дар маҷмуъ, мо бояд ҳосили фаровони кишоварзӣ ба даст орем. Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон дар Паёми вусъатбору башоратовари худ таъкид намуданд, ки «… барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем…»

Итминон дорем, ки кишоварзони вилоят имсол низ рисолати заминдорӣ, ҳосилрасонӣ ва маданияти деҳқонии худро воло нигаҳ медоранд, таҳким мебахшанд ва дар пурнур гардонидани дастархони мардум саҳми босазои худро мегузоранд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh