ЯХОБМОНӢ - ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Аз қадимулайём дар диёри азизи мо деҳқонони пуртаҷриба ба масъалаи яхобмонӣ - обёрии зимистона аҳамияти муҳим медоданд. Ба ҳамагон маълум, ки яхобмонӣ дар фасли зимистон якчанд хусусиятҳои мусбӣ дорад. Фасли зимистон замин, долу дарахтон, бо забони деҳқонӣ гӯем, дам мегиранд.

Аммо решаҳои дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои кишоварзӣ бедоранд, яъне доимо дар ҳоли рушд мебошанд. Чӣ қадар решаҳои дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои кишоварзӣ хуб ривоҷ ёбанд, ҳосилнокии боғот ва зироатҳо ҳамон қадар фаровон мешавад. Барои ҳамин обёрии зимистона, аввало озуқадиҳӣ, яъне қуввати табиӣ додан ба дарахтон ва зироатҳо мебошад.

 Маълум аст, ки солҳои охир се намуди кирми зироатҳо дар ҷуворимакка ва хусусан кирми ғӯза ба ҳосилнокии зироатҳо зарар расонида истодааст. Бахусус, ба пахта талафоти ҷиддӣ расониданаш имконпазир аст. Ҳашаротҳои зараррасон давраи сармо дар чуқурии аз 7 то 15 сантиметр зиндагӣ мекунад. Вақте, ки обёрии зимистона гузаронида мешавад, шабона ҳарорати хок паст фаромада, чуқурии замин ях баста, зочаҳои ҳашаротҳои зараррасон нобуд мешаванд ва миқдори онҳо дар тобистон хеле кам мегарданд.

Ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои кишоварзӣ аз зичии хок вобастагӣ дорад. Чӣ қадар замин мулоим ва зичии хок кам бошад, решаҳои дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои кишоварзӣ оксигенро хуб истифода мебарад. Аз ин лиҳоз, деҳқонони пуртаҷриба ҳаракат мекунанд, ки ҳама фасли сол замин мулоим бошад, яъне доимо коркарди лозимӣ гузаронида шавад. Ҳангоми коркарди байниқаторӣ дар давраи тобистон бояд замин аз алафҳои бегона тоза бошад.

Боришоти зимистона ва фасли баҳор, обёрии зимистона ба замин хуб ҷаббида мешавад. Ин имкон медиҳад, ки кишту кори баҳорӣ ва қад кашидани зироатҳои кишоварзӣ дар давраи кӯтоҳ ба амал ояд. Ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, хусусан пахта аз миқдори кӯчат вобастагӣ дорад. Яхобмониро (обёрии зимистона) – ро бахусус дар ноҳияҳое, ки фасли тобистон аз оби полезӣ танқисӣ мекашанд, ҳамчун тадбири фоидабахш гузаронидан муҳим аст.

Инъом ҚОБИЛБЕКОВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ,
ноҳияи Зафаробод

Add comment


Security code
Refresh