Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ

10 декабри соли 2019 дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят бахшида ба ҷамъбасти мавсими ҷамъоварии пахтаи соли 2019 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ иштирок намуданд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ нахуст муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода дар бораи вазъи соҳаи кишоварзии вилоят, аз ҷумла кишт ва парваришу ҷамъоварии пахта дар соли 2019 гузориш дод. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, ба ҳолати 1 декабри соли 2019 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят наздик ба 7,5 млрд. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 108,9 фоизро ташкил мекунад.

Дар бахши пахтакорӣ бошад хоҷагиҳои пахтакори вилоят зиёда аз 129 ҳазору 438 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои пахтатозакунӣ супориданд, ки ба 100,3 фоизи нақша баробар аст.

Иҷрои нақшаи солонаи пахтасупорӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 108,9 фоиз, Конибодом 105,3 фоиз, Бобоҷон Ғафуров 101 фоиз, Спитамен 101,8 фоиз, Ҷаббор Расулов 100,6 фоиз, Зафаробод 96,5 фоиз ва Мастчоҳ 95,6 фоиз таъмин карда шуд.

Сипас, барои саҳмгузорӣ дар иҷрои нақшаи вилоятии истеҳсоли пахта, амалигардонии нишондиҳандаҳои пешбинишуда, таъмини иҷрои саривақтию сифатноки нақшаи истеҳсоли пахта ва дар ин замина мусоидат намудан дар амалигардонии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят бо автомашинаҳои хизматӣ сарфароз гардонида шуданд.

Раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод ва Мастчоҳ калиди автомашинаҳоро тақдим кард.

Ҳамзамон, ба як қатор пешқадамони маъракаи пахтачинӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат сипосмандии роҳбарияти вилоятро ба кишоварзони вилоят ҷиҳати иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта баён дошта, изҳори боварӣ намуд, ки кишоварзони вилоят минбаъд низ барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

Add comment


Security code
Refresh