БОЗОРҲОИ ДОХИЛӢ КАЙ БО БИРИНҶИ ХУДӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД?

Шолӣ яке аз зироатҳои қадима буда, таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дорад. Он баъд аз ғалладонагиҳо дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Аз ҷиҳати ғизонокӣ бартариҳои зиёд дорад. Пойгоҳи таҷрибавии панҷакентии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соҳаи шолипарварӣ корҳои илмӣ - тадқиқотӣ мебарад ва дар коркарду ҷорӣ намудани технологияи пешқадами парвариши шолӣ ба натиҷаҳои чашмрас ноил гаштааст.

Мухбири рӯзнома доир ба хусусиятҳои шолӣ, технологияи парвариши он ва вазъи имрӯзаи соҳаи шоликорӣ бо чанд суол ба Диловар Лоиқзода - директори пойгоҳи мазкур муроҷиат намуд.

- Дар ибтидо доир ба зироати шолӣ ва хусусиятҳои он мегуфтед...

- Биринҷ - гурунҷ дар таомҳои миллии мо фаровон истифода мешавад. Хӯроки биринҷӣ аслан зудҳазмшаванда ва парҳезӣ аст. Дар таркиби биринҷ то 76 фоиз карбогидратҳо (крахмал) – и сабукҳазмшаванда, 3 – 4 фоиз сафеда, 1 фоиз равған ва витаминҳои гуногун мавҷуд мебошад.

 Дар тибби қадим миҷози биринҷро наздик ба муътадил гуфтаанд. Ҳосилнокии шолӣ нисбат ба гандум 1,6 маротиба зиёд аст ва ҳангоми таъмин буданаш бо об нашъунамои он аз гармию сардии ҳаво хеле кам вобастагӣ дорад. Хоки майдонҳои шолӣ нисбатан кам ба эрозия дучор мешавад. Шолӣ ба мисли дигар зироатҳо аз касалиҳо ва ҳашарот зарар намеёбад ва дар ин самт хароҷоти зиёдатиро талаб намекунад.

Дар ҷаҳон биринҷ муҳимтарин зироат баъд аз гандум маҳсуб мешавад ва манбаи ғизоӣ барои беш аз сеяки аҳолии ҷаҳон аст. Беш аз 91 фоиз биринҷи ҷаҳон дар қораи Осиё (маҳалли зисти 60 фоизи сокинони дунё) тавлид ва масраф мешавад. Ҳамасола дар ҷаҳон дар майдони 160 миллион гектар биринҷ кишт мегардад. Ва аз ин кишт 580 миллион тонна шолӣ гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳудуди 21 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 9,5 ҳазор гектар кишти такрории шолӣ гузаронида мешавад.

Ҳосилнокӣ дар кишти асосӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар атрофи 44 - сентнерӣ ва дар кишти такрорӣ аз ҳар гектар ба 32 - сентнерӣ мерасад. Истеъмоли солонаи биринҷ барои як нафар дар Тоҷикистон аз 12 то 17 килограм аст. Таомҳои дӯстдоштатарини мардуми мо ин оши палав аст, ки дар ситоиш ва намудҳои он сухан бештар аз ин гуфта шудааст. Озмунҳо ва иди биринҷу шолӣ нишонаи меҳру муҳаббати хоса ба ин маводи хӯрока мебошад. Маъмулан ҳар манотиқи кишвар навъи хоси биринҷи худро дорад.

Агар дар шимоли кишвар бештар навъи биринҷи кенҷа ва девзираи Исфара маъруф бошад, пас дар водии Зарафшон навъи бумии девзираи Панҷакент, ВРОС, марҷон, дар маркази ҷумҳурӣ бештар анвои юбилейний, лазурний, шайнак афзалият доранд. Вобаста ба навъи биринҷ оши палави манотиқи кишвар низ гуногун аст.

Дар водии Зарафшон бо сабзии зард мепазанд ва вақти кашидани оши палав биринҷу сабзиро қабат ба қабат ҷудо ба табақ мекашанд ва бо ин шакл пешкаш кардани паловро самарқандӣ низ мегӯянд. Дар марказу ҷануби кишвар сабзии сурх истифода мекунанд ва баъди пухтан биринҷу сабзиро омехта месозанд. Нимбиринҷи онро оқшоқ низ мегӯянд. Маъмулан хӯрокҳои шавла, ширбиринҷ, ширкаду, мошбиринҷ ва анвои гуногуни хуришҳову салат аз он омода мешаванд.

Хӯрокҳои шавла ва ширбиринҷ хушҳазм ва серғизо буда, хусусан ба атфол ва беморон барои нерӯманд шудану офият ёфтан тавсия дода мешавад. Дар Пойгоҳи таҷрибавии панҷакентии Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар самти тарҳрезии агротехнологияи парвариши шолӣ дар шароити водии Зарафшон корҳои чашмрасе иҷро кардаанд.

Олимони пойгоҳ дар зарфи 5 соли охир ду навъи нави шолиро офаридаанд, ки ба номгӯйи навъҳои ноҳиябандишуда ворид гаштаанд. Навъи “Саразм”, ки ба ифтихори 5500 - солагии ин мавзеи таърихӣ ва навъи “Панҷруд”, ки ба ифтихори зодгоҳи устод Абӯабдуллоҳ Рудакӣ номгузорӣ шудаанд. Ин ҳар ду навъ бо маҳсулнокии баланд ва устувории худ ба хобравии поя, касалиҳо, рехтани дон аз хӯша аз дигар навъҳо афзалият доранд. Дар ҳосилнокӣ ин ду навъ дар шароити риояи пурраи агротехнологияи парвариш атрофи 70 - 80 - сентнерӣ аз ҳар гектар шолӣ медиҳанд. Дар баробари маҳсулнокии баланд ин ду навъ бо сифати хуби дон низ фарқият доранд, яъне тӯлу арзи донаи биринҷ бештар аст. Бо ҳаҷми калони дона ин анвоъ нисбат ба дигар навъҳо бозоргир ва рақобатпазиртаранд. Заминҳои шӯр ва заминҳои дубора шӯргардида сол аз сол масоҳати бештарро мегиранд.

Олимони пойгоҳ дар оянда ният доранд, навъҳое офаранд, ки дар шароити заминҳои шӯриашон муътадил мутобиқ бошанд. Зеро бо роҳи обшӯй кардан ва бо шароити ғарқобии парвариши шолӣ имкони паст кардани сатҳи шӯрӣ ва киштбоб гардонидани ин замину ғанӣ шудани таркиби хок мавҷуд аст.

- Доир ба технологияи парвариши зироати шолӣ ба деҳқонони шоликор чӣ тавсияҳо дода метавонед?

- Муҳлати оптималии кишт дар шимоли ҷумҳурӣ то 10 май ва дар навоҳии ҷануби шоликор то 15 - 20 апрел аст. Ҳангоми ба таъхир мондани кишт давраи гулкунии шолӣ ба ҳавои тафси тобистон рост меояд ва шумораи донҳои пуч бештар мешаванд. Ба хотири баланд бардоштани қобилияти сабзиши тухмӣ 5 - 7 рӯз пештар тухмиро офтоб мекунанд.

Меъёри кишти тухмӣ вобаста ба навъ ва шароиту сифати тухмӣ 4 - 5 миллион дона тухмӣ ба як гектар аст. Обёрии дуруст омили асосии ҳосили баланд мебошад. Баъд аз кишт сатҳи об бояд ба баландии 5 - 7 сантиметр қарор гирад, то ки ниҳоли шолӣ қудрати аз зери об баромаданро дошта бошад.

 Баъдан бо нашъунамои шолӣ сатҳи обро метавон то 15 сантиметр зиёд кард. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки заминҳои шолизор ҳатман дар тирамоҳ шудгор карда шаванд. Зеро замин дар киштзори шолӣ доимо таҳти об буда, барои нафаскашӣ оксиген намерасад. Инчунин, пеш аз шудгори тирамоҳӣ ба як гектар пошидани 200 - 400 килограмм нурии суперфосфат зарур аст.

- Баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии шолӣ чӣ корҳоро бояд анҷом дод?

- Ҷойгир кардани майдони шолӣ баъди кишти лӯбиёгиҳо, юнучқа, ғалла, сабзавот ва полезиҳо самарабахш мебошад. Ин зироат патакреша буда, 80 - 90 фоизи решааш дар чуқурии 15 сантиметр ҷойгир аст. Шолӣ нисбат ба дигар зироатҳо нурии азотиро бештар талаб менамояд. Ҳангоми ба қадри кофӣ таъмин набудани он бо азот инкишофаш суст, баргҳо зардранг, фотосинтез заиф, панҷаронии ниҳол кам ва хӯшаҳо пуч мешаванд. Талаботи аз ҳама баланди шолӣ ба азот дар давраи панҷаронӣ ба вуҷуд меояд.

Нуриҳои азотии шакли аммиакӣ (карбамид) барои шолӣ бартарӣ доранд. Шолӣ дар давраи аввали нашъунамо ба фосфор эҳтиёҷ дорад. Норасоии фосфор дар ин давра баъдан талофӣ намешавад. Ҳангоми норасоии фосфор синтез ва мубодилаи сафеда нуқс пайдо мекунад, сатҳи барг хурд, системаи реша ва панҷаронӣ заиф гашта, хӯшаронӣ суст мешавад. Талаботи шолӣ ба калий низ калон аст, вале он пурра аз намакҳои таркиби обу хок қонеъ мегардад.

Барои ҳосили як сентнер шолӣ 1,8 килограмм азот, 1,0 килограмм фосфор ва 2,5 килограмм калийи холис сарф мегардад. Ва агар ҳосилнокии эҳтимолии шолӣ аз як гектар 60 сентнер бошад, пас ба як гектар хоки майдони шолӣ 110 килограмм азот, 60 килограмм фосфор, 150 килограмм калийи холис ҳамроҳ бояд кард. Барои нигоҳ доштани ҳосилхезии хок ин миқдори нурии истифодашуда бояд соли оянда низ ба замин дода шавад. Яке аз омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии шолӣ ин истифодаи самараноки нуриҳои органикӣ аст. Ин нуриҳо дар даври нашъунамо шолиро бо ғизои минералӣ пурра таъмин менамоянд.

Мувофиқи тавсияҳо, бояд 40 - 60 тонна пору ба як гектар пошида шавад, лекин бо сабабҳои объективӣ ин миқдор поруро дастрас намудан ва кашонидан то майдонҳо ғайриимкон аст. Аз ин сабаб истифодаи нуриҳои сабз дар майдонҳои шолӣ ин мушкилотро пурра ҳал менамояд ва он нисбатан камхарҷ аст. Нуриҳои сабз хусусиятҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ, реҷими обу ҳавои таркиби хокро беҳтар мегардонанд. Зироатҳои сидератӣ, ки онҳоро нуриҳои сабз меноманд, моддаҳои ғизоии дар таркиби хок дастнорасро барои шолӣ таъмин мекунанд.

Зироати сидератии фосилавӣ дар киштгардони шолӣ майдонҳоро аз алафҳои бегона, касалиҳо ва ҳашароти зараррасон тоза менамояд. Ба зироатҳои сидератӣ мушунг, рапс, шабдар, берсим, ҷавдор, эспарсет, мош дохил мешаванд. Ин зироатҳоро баъди дарави шолӣ ва шудгор дар аввалҳои моҳи октябр кишт мекунанд. Онҳо тирамоҳ сабз шуда, дар аввали баҳор баргу пояашон зиёд мешавад ва 7-10 рӯз пеш аз кишти шолӣ заминро бо ҳамон баргу пояҳо шудгор мекунанд. Нурии сабзи шудгоршуда дар зери хок пӯсида, дар тамоми даври нашъунамо шолиро батадриҷ бо маводи ғизоӣ таъмин менамояд.

- Тавре ки зикр намудед, миқдори шолие, ки дар кишвар истеҳсол мешавад, талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ гардонида наметавонад. Инчунин, дар бозорҳои кишвар нархи биринҷ хеле баланд аст. Чӣ бояд кард, ки ин масъала ҳалли худро ёбад?

- Бале, ин масъалаи доғ дар назди олимони пойгоҳи мо аввалиндараҷа мебошад ва кӯшишу ғайрати мо низ ба он равона шудааст, ки роҳҳои камхарҷу манфиатбахши рушди ин соҳаро ёбем. Ҳаминро бояд қайд намоям, ки се - чор сол қабл майдони кишти шолӣ дар шаҳри Панҷакент атрофи 1000 гектар буд. Баъди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани майдони кишт имрӯз мо замини кишти онро ба 1500 гектар расонидем. Тибқи нақша, дар оянда соҳилмустаҳкамкунии ҳавзаи дарёи Зарафшон пешбинӣ шудааст, ки шолизорро густурдатар ва бештар намоем.

Навъҳое, ки дар водии Зарафшон бештар маъмул ва маъруфтаранд, инҳо девзира ва «ВРОС» мебошанд. Ин навъҳо нисбатан камҳосил, вале қиматашон дар бозор баландтар аст. Навъи нав, ба мисли «Нуқус», ки селексияи олимони ӯзбек мебошад, бо ҳосилнокӣ ва сифати хубаш дар бештари майдонҳо кишт мегардад. Ҳаминро бояд зикр намуд, ки яке аз омилҳои афзун намудани истеҳсоли шолӣ, агар зиёд кардани майдони кишти он бошад, омили дигар баланд бардоштани ҳосилнокии шолӣ аст.

 Бо баланд бардоштани ҳосилнокии шолӣ ва афзоиш додани истеҳсоли ин зироати аз чанд ҷиҳат зарурӣ қимати он поён меравад, ки боиси ободии ҳар хонадон хоҳад шуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh