ФАЙЗИ ЧЕҲРАИ БОҒ

Ба ёд меоварам он манзараву он воқеаро, ки имрӯз дар масири корҳои неки ободгарӣ, бунёдсозӣ ва созандагиҳои таҳтидилонаву меҳрбор, ончунон таҳкиму пешрафт дорад, замона ба мо рӯи хушу равони қавӣ нишон медиҳад. Чунин айёми осоишта, фазои беғубори ҳаётро ба толеи мо, мардуми заҳматдӯсти тоҷик, сиёсати инсонпарварона, хирадмандона ва асолатмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоятгар шудаву буда, дар қисматамон туҳфаи беназиру бебаҳое маъво баргузидаанд.

Дар партави иқдоми беқиёсе, ки самту равиши ободии деҳотамон, ҳунарҳои меросбари мардумиамон эътибор доранд, ба арсаи ҳаёт ворид гардидани ҷанбаву раванди сайёҳӣ падидаи самимианд. Гумон мекунам, ки ин падида мисли офтоб бошаду гӯё тадбирҳо, зарфиятҳо ва макону мавзеъҳои сайру саёҳатии кишвари биҳиштосоямонро тозаву мусаффо, бо ҳавас тамошо мекунад, ба онҳо ҷило медиҳад, чашм мебарад, фараҳмандӣ зам менамояд ва равшан месозанд чун ҷавоби самимӣ, ҳувият ва ифтихордории мардуми тоҷик ба он ҳидоятҳо, дастурҳо ва супоришҳои пурарзиши Пешвои муаззаму маҳбубамон.

Ин – рукни зиндагӣ, ватандорӣ ва рисолати миллии мо – сайёҳӣ, сайру саёҳат, дӯстдории манзилу маконҳои таърихӣ, бозгӯи тамаддун, азму суботи ҳадафмандона, ҳамаи корҳое, ки дар тамоми манотиқи кишварамон ба ҷо оварда мешаванд, таҳким меёбад, мавқеъ пайдо менамояд.

Чунин сайри муқаддимавиро махсус зикр намудан бароям гуворост ва муҳим он аст, ки воҷаҳои «саёҳат, сайёҳӣ, сайру ошноӣ» зиндадилиро, зебоипарастиву меҳанпарвариро ифода менамоянду такмили маънӣ мебахшанд ва қалбҳоямон, вуҷудамон, сурату сирати самимиамон мегӯяд: мо меросбарони асили аҷдодони маърифатпарвару иродатманди хеш будем, ҳастем ва минбаъд ҳам чунин хоҳем монд.

Ҳар гӯшаву канор, ҳар манзилу мавзеъ, ҳар порча замини кишварамон тамошогоҳ, вусъатобод ва дилкашу сайргоҳ дар дилу дидаамон будаву ҳаст.

Ин боварӣ ба қувваи худшиносӣ, муҳити хуби рафоқату ҳамгироӣ, орому осудаи зистан ба таври пурра шакл гирифтааст. Мо дар ҳусни диёрамон таҷассуми чашмаи меҳр мебинем, ки дилҳои пурҳароратамон бо он халқапайванд мебошад. Ана, деҳаи Басманда дар чунин маҳак буда, ҳар гӯшаву канораш мумкин аст, онҳое ҳам, ки бо заҳмати якҷоя ба майдони рӯзгор омада, дар оғӯши он ба камол расидаанд, ба туфайли он соҳибному соҳибихтисос гардидаанд, аз муҳаббат ва маҳбубият саршор будаву мондааст.

Дар соҳили сойи Басманда солҳои сол боғе бунёд гардида буду чун макони истироҳативу фароғатӣ шинохта шуда, дар оғӯшаш бисёр меҳмонон, истироҳаткунандагон ва аҳолии маҳал мисоли гул ба бӯстон фараҳмандӣ бурдаанд. Аз ҷумла, сайёҳзани рус бо номи Валя Василйевна ҳангоми мулоқот бо омӯзгорони мактаби деҳаи Басманда гуфта буд, ки ба хотир овардани суханонаш имрӯз низ ба аҳамият молик аст:

- Шумо мардуми дилёбу боҳиммату дӯстпарвари хушбахт ҳастед, боғи соҳили сой бароям хеле хуш афтод. Дарахтони сермевааш ҳусни онро хеле расотар гардонида, аз зардолуи қаҳраборангаш ком ширин намудам, ин ҳаловату фараҳмандиро бо худ ба диёрам – шаҳри Санкт – Петербург мебарам…

Он айём боғи соҳили сойи Басманда дар қаламрави ноҳияамон симои хоси рангини худро дошт. Рӯзҳо гузаштанду солҳо сипарӣ шуданд аз он лаҳзаҳои гуворои ташрифи меҳмонону дилбохтагони сайру тамошо.

Иқдоми нусратбору ҳидояти равшанбори Пешвои маҳбубамон, Президенти муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди сайёҳӣ рушду такомули болиғ бахшиданд, ба дилҳо сурур оварданд, ташаббусҳои дастаҷамъонаву шахсҳои худогоҳро шуъла афканданд, бунёдкориҳоро пеш бурданд. Дар ин мавқеъ як тан сокини деҳа - Бекмуҳаммад Холов ҳамсафи созандагон гардид: ӯ боғи соҳили сойи Басмандаро ранги тоза бахшид, яъне аз ҳисоби қитъаҳои бекорхобида масоҳати боғро васеъ намуд, заминро корам карда, дарахтонашро ҷавон тавассути шинонидани ниҳолҳои навбари мевагӣ ҳусни сабз дод. Кунун ҳар касе, ки аз ин боғи дилкушо диданӣ дорад, фараҳманд мешавад.

Алалхусус, меҳмонон, сайёҳон, хурду бузургсолони шайдои ноҳияи Деваштич – ин гӯшаи зебоманзараву, бино ба гуфтаи мӯйсафедон, «шакли зодгоҳашон афсонавӣ асту сурати ахтар пайванд аст», дил мерабояд. Боғро бо ниҳолҳои себ, зардолу, олучаву олуболу, ноку анор, буттаҳои мевагӣ, инчунин настарану зирк ғанӣ гардонд, ҳавояш софу дилкушост, ҳуснаш дилрабост, фараҳфизост. Ҳамчунин, канори боғ бо майдончаи варзишӣ барои футболу волейбол ранги барин, қабои шавқафзо гирифтааст, ки ҳиммати шахси ба Ватан дилбанд – ҳоҷӣ Бекмуҳаммад Холов ҳамабин гардидааст.

Боз ба ёдам меояд: ҳамон сайёҳзани дилбанди ҳусну табиати дилфиреби Басманда аз оби мусаффои ширини ба боғ ҷоришаванда нӯшида мегуфт: - Чунин оби ҷонбахшу гуворову ҳаловатбахшро дар ягон дигар ҷой ва макон нанӯшидаам, шукр бикунед, шумоҳо, ки боигарии табиӣ, неъмати воло – оби мулкобод доред, онро азиз доред. – Мо, сӣ нафар сайёҳон – ҳамроҳони ман дар бисёр мамлакатҳо будем, табиати дилкаши диёри шумоён мафтункунанда, ҷилову сафои ба худ хос дорад, кӯҳҳояш такягоҳи мардумонанд.

Солҳои ҳаштодум ва навадуми асри гузашта дар гирду атроф ва минтақаҳои дигари соҳили дарёи Басманда бисёр чоҳҳои амудӣ кофта шудаанд, кунун сӣ чунин манбаи об вуҷуд дорад. Оби чоҳҳо аз сойи Басманда тавассути лӯлаҳои обрасон ба деҳаҳои Қалъаи Дӯст, Қалъаи Мирзобой, деҳаи Чӯянчии ноҳияи Деваштич ва ҳатто деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан расонида шудааст. Ва оби ҳаётбахш боғу майдонҳо, заминҳои кишоварзӣ, минтақаҳои картошкапарварии ин маҳалҳоро серҳосил мегардонад.

Боғи соҳили сой, ки ташаббускори амалҳои ҷадидаш ба марди боҳиммат Бекмуҳаммад Холов мансубият доранд, бо хонаҳои истироҳатии бунёдшудааш сайёҳону меҳмононро ба сайру тамошо мехонад. Дар қисми поёнии ҳамин боғ аз тарафи марди нерӯниҳод М.Содиқов боз як ҷойи рӯҳафзо – боғи нав бунёд шудааст. Дар он дарахтони сояафкану ҳосилдеҳ парвариш меёбанд. Хонаҳои истироҳатии он сайёҳонро марҳала ба марҳала дар мавсими мусоид ба оғӯш мегиранд. – Дар қадди сойи Басманда боғҳои зиёдеро ташкилу барқарор кардан мумкин аст, барои ин танҳо завқу ҳиммат, нияту хоҳиш лозим аст, - мегӯяд М.Содиқов, - зеро дар сой обҳои зеризаминӣ захираи калон доранд.

Хурсандӣ аз кори нек аст: ҳоло аз ҷониби Ортиқбой Ёров – марди дилсӯзи табиати диёр дар қадди сой як боғи наве бунёд шуда истодааст, ки ташаббуси ӯ маҳбуби дилҳост. Баробари бунёди боғҳои соҳили сойи Басманда шавқи дидани табиати нотакрор ва дидори сайёҳону шавқмандони сайру фароғат афзуну ҷаззоб гардад, муҳити табиат, бино ба гуфтаи донишманде, «ҳар киро чашм ба рухсору чеҳраи накӯ» дилбарӣ дорад.

Раҳматулло ЁРОВ,
омӯзгори собиқадор,
 рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh