Кишоварзони ноҳияи Ашт бо ҷамъоварии 14 ҳазору 450 тонна пахта нақшаи истеҳсолро 100%​ иҷро намуданд

6 ноябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дод ва зимни сафар бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта шинос гардид.

Раиси вилоят сараввал аз ҶСП “Марҳамат” боздид намуда, рафти коркарди пахта ва истеҳсоли чигиту равғанро мушоҳида намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар мавсими имсола аз тарафи корхона 1650 тонна пахта қабул гардида, коркарди маҳсулоти хом идома дорад. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ аз фаъолияти корхона изҳори қаноатмандӣ намуда, ба як қатор кормандони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Сипас, Раиси вилоят ҷараёни коркарди пахта дар ҶДММ “Рахшона”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ҳини шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхонаи коркарди пахта даҳҳо нафар бо ҷои корӣ таъмин буда, то ин дам зиёда аз 6 ҳазор тонна пахта барои коркард захира карда шудааст.

Бояд таъкид кард, ки заркорони ноҳияи Ашти вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахта дар соли ҷориро пурра иҷро намуда, ба хирман 14450 тонна пахта супориданд.

Раиси вилоят ҳангоми боздид аз ҶДММ “Рахшона” ва суҳбат бо кишоварзони ноҳия онҳоро бо ғалабаи меҳнатӣ табрик кард. Гуфта шуд, ки кишоварзони ноҳияи Ашт соли равон дар 6231 гектар пахта кишт карда, бо истеҳсоли 14450 тонна “тиллои сафед” нақшаи пешбинишударо 100,1 дарсад иҷро карданд.

Дар ҳамин ҷо Раиси вилоят ба як қатор кормандони пешқадам ва чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, кишоварзони ноҳияро ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Судҷа” низ шинос шуда, собиқадори меҳнат Эсанбой Ҳайдаровро аёдат кард.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh