Самараи заҳмати кишоварз

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маъракаи пахтачинӣ босуръат идома дорад. Оид ба иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта раиси Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳия Мухторҷон Абдуллоҷонов дар суҳбат чунин гуфт:

- Дар ҷамоат наздики 500 хоҷагии деҳқонӣ дорем, ки қитъаи замини онҳо аз 0,20 гектар оғоз мешавад. Имсол дар хоҷагиҳои ҷамоат дар майдони 352 гектар пахта кишт карда шуда, нақшаи истеҳсоли пахта 922 тоннаро ташкил менамояд. Мо асосан тухмиҳои навъи «Синзян», «Дӯстӣ», «Ориён», «Флеш» кишт намудаем. Бо меҳнати софдилонаву хуб ба роҳ мондани кишти саривақтии пахта ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 27 - сентнерӣ ҳосил ҷамъ намудем. Ҷамоати деҳоти Зарзамин аллакай нақшаи пахтасупориро ба иҷро расонидааст.

Дар ин дастовард меҳнати чинакчиёни пешқадам Маҳбуба Назирова, Лутфинисо Норова, Муҳаббат Тӯрақулова, Раъно Абдуқодирова ва Дилрабо Насриддинова назаррас аст. Хоҷагиҳои деҳқонии «Онаҷон» ва «Бобоҷон саркор» ҳамчун хоҷагиҳои пешқадам дониста мешаванд. - Барои дар вақташ гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ саҳми механизаторон Абдумавлон Азимов, А.Отаев, Тошпӯлод Раззоқов, дар нигоҳубин ва нашъунамои ниҳолҳои пахта заҳмати обмонҳо Азим Сиддиқов, Зоир Иброҳимов ва Абдумалик Болтаевро низ бояд махсусан зикр намуд. Мо аз ҳамаи меҳнаткашони ҷамоат сипосгузорем, - илова намуд М.Абдуллоҷонов.

Дар Ҷамъияти саҳомии ба номи С.Ӯрунхоҷаеви Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳия кишти пахтаи навъҳои «Хуҷанд - 67», «Флеш», «Дӯстӣ» ва «Ориён», ки ба тухмиҳои ватанӣ мансубанд, ба роҳ монда шуд. Дар пахтазори ҷамъияти мазкур обчии беҳтарин Илҳом Хоҷимуйдинов, механизатори соҳибмалака - Давлат Холмирзоев ва чинакчиёни пешқадам – Мавлуда Амонова ва Амирҷон Тоҷиев самаранок меҳнат мекунанд. Абдушукур Усмонов ҳамчун иҷоракори беҳтарин ва Абдухолиқ Усмонов чун боғбони солор шинохта шудаанд.

Дар Ҷамъияти саҳомии ба номи С.Ӯрунхоҷаев имсол дар майдони 1606 гектар пахта кишт карда, дурнамои ҷамъоварии ҳосил ба андозаи 3347 тонна ба нақша гирифта шудааст. То 4 - уми ноябри соли 2019 аз тарафи Ҷамъияти саҳомии ба номи С.Ӯрунхоҷаев ба миқдори 3359 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ гардидааст, ки 98 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Умед аст, ки пахтакорон ва чинакчиён обу ҳавои мусоидро ғанимат дониста, баҳри то охир ҷамъ овардани самараи заҳмати деҳқон азму кӯшиш менамоянд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh