Заҳмати диловарона баҳри ободии диёр

Беш аз ним аср муқаддам фотеҳону азхудкунандагони дашти Мирзочӯли тоҷик бо фаъолияти ватандӯстона ва заҳматҳои азим ноҳияе бунёд карданд, ки ҳоло мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон гардидааст.

Эмомалӣ РАҲМОН

Мавзеи харобазорро ба гулистон табдил додан корест мушкил. Ноҳияи Зафаробод, ки замоне онро Мирзочӯл меномиданд, дашти нопайдоканори ташналабе буд. Иродаи қавӣ, муттаҳидӣ, тифоқӣ, аз як гиребон сар баровардани аҳолӣ буд, ки на танҳо сол аз сол, балки рӯз аз рӯз чӯлу биёбон ба гулистон бадал ёфта, заминаш корам гардиду корхонаҳои саноатии хурду бузург дари худро ба мардум боз карда, муассисаҳои таълимиву табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ, умуман иншоотҳои таъиноташ гуногун қомат афрохта, имрӯз бо гузашти чанд даҳсола мардумаш дар макони тинҷу орому обод умр ба сар бурда истодааст.

Алъон зафарободиён барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 30-солагии соҳибистиқлолии кишвар омодагии хуб дида, иншооти мухталифи таъиноташ гуногунро ба истифода дода истодаанд. Тавре дар ин бобат роҳбари дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ Парвиз Дониёров арз дошт, ки ба истиқболи ҷашни таърихӣ 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардида, сохтмончиён, кулли мардуми ватандӯсти ин мавзеъ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни бузург омодагии хуб дида истодаанд. Имсол барои таъмиру тармим, азнавсозӣ, бунёди иншооти таъиноташ гуногун беш аз 90 иншоот дар назар дошта шудааст.

Агар пояи маориф мустаҳкаму шароити мусоид барои таҳсил фароҳам оварда шуда бошад, зинаҳои минбаъдаи ҷамъият низ пурқувват хоҳад шуд. Солҳост, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои муассисаҳои таълимӣ бунёду таъмиру азнавсозӣ шуда истодаанд. Чунин иқдом дар ноҳияи Зафаробод низ хуб ба роҳ монда шуда, дар ин самт саҳми соҳибкорон хеле назаррас аст.

Соли равон дар ноҳия бо ташаббуси соҳибкорон ва шахсони саховатпеша биноҳои муассисаҳои таълимӣ, марказ ва нуқтаҳои хизматрасонию табобатӣ обод шудааст. Дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 1 ва 13 кабинетҳои фаннӣ ва толори варзишӣ ба пуррагӣ таъмир гардида, аз ҷониби соҳибкорон М.Қурбонов, М.Турсунқулов, Қаландар Ниёзов, З.Авулов ва А.Қаюмов дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод биноҳои мағозаи тиҷоратӣ, хизмати маишӣ, ҳавзи шиноварӣ, гармхона ва сехи дӯзандагӣ бунёд шудаанд. Дар ҷамоати шаҳраки Ҳ.Алиев таъмири маркази саломатӣ, бинои таваллудхона бо ҳуҷраи хатнасур, бунёди пули пиёдагарди байни деҳаи Чашмасор ва шаҳраки Ҳ.Алиев ва майдончаи хурди варзишӣ бо ташаббуси соҳибкорон ва аҳолӣ ба анҷом расиданд. Бунёду таъмиру тармими биноҳо ва иншоотҳо дар дигар ҷамоатҳо низ идома доранд.

Боиси ифтихори мардуми Зафаробод аст, ки Пешвои муаззами миллат дар фасли тобистон ба ин мавзеъ ташриф оварда, боз чанд иншооти ҷашниро ба истифода супориданд. Аз ҷумла, бинои Қасри фарҳанг, ки ҳанӯз соли 1971 дар масоҳати 3.200 метри мураббаъ ҷойгир шуда буд, вақте пурра азнавсозӣ гардид, мардуми санъатдӯсту зебоипарвари ноҳия аз ин туҳфаи Пешвои муаззами миллат хеле шод гардиданд. Бино дуошёна буда, аз 9 толори омӯзишии сурудхонӣ, рубобнавозӣ, карнайнавозӣ, доиранавозӣ, толор бо 478 ҷойи нишаст, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Қаблан 12 нафар ва пас аз таъмир боз ҳашт нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Дар сакмти дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дохили бино, девору сутунпояҳоро бо нақшу нигори миллӣ гаҷкорӣ кардаанд. Меҳмонону мардуми таҳҷоӣ ҳангоми фароғат дар саҳни ҳавлӣ аз фаввораву чароғакҳои рангоранг ҳаловат бурда метавонанд.

Чанд сол муқаддам ҳангоми сафари корӣ Президенти мамлакат ба хотири муқаддасоти миллӣ ва дар қалби мардум бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар маркази ноҳия Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд ва дар ташрифи минбаъдаашон ба сохтмони Нишони давлатӣ, ки 23 метр баландӣ дорад, ҳусни оғоз бахшиданд. Дар атрофи сохтмончиён фаввора бунёд карда, роҳравҳоро тахту ҳамвор сохта, ниҳолҳои гуногуни сояафкан шинонда, он мавзеъро ба макони сайру гашт табдил додаанд.

Бинои дуошёнаи кӯдакистони хусусии «Афсона», ки дар масоҳати 2280 метр мураббаъ қомат афрохта, дорои таҳхона ва даҳ гурӯҳ ва синфхона мебошад, дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Дар корҳои сохтмонӣ беш аз 50 нафар ширкат варзиданд. Алҳол дар кӯдакистон мураббияҳо 200 нафар кӯдаконро бо ду забон – русӣ ва англисӣ таълим дода истодаанд.

Дар арафаи ҷашни бузурги таърихӣ – 30 – солагии соҳибистиқлолии кишвар ба истифода додани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ дар масоҳати 7,5 гектар туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат ба зафарободиён мебошад. Сохтмончиён панҷара, дарвоза ва сутунҳои ин мавзеъро низ бо нақшу нигори миллӣ оро додаанд. Дар ин ҷо 45 нафар бо кори доимӣ таъминанд.

Бунёди бинои гармхона ва нуқтаи савдо дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод, сохтмони бинои ҳаммом дар Ҷамоати деҳоти Равшан, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва сохтмони корхонаи истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар Ҷамоати шаҳраки Зафаробод, корхонаи истеҳсоли хишти бетонӣ дар деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ, инчунин бунгоҳҳои тиббӣ, сохтмони майдончаи варзишӣ, маркази хизматрасонӣ, дар шаҳраку деҳоти ҷамоатҳои ноҳия ба анҷом расидааст.

Мардуми ноҳияи Зафаробод барои дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни таърихии 30 - солагии соҳибистиқлолии кишвар ҳанӯз соли 2018 дар ҳаҷми 380 банд бо таъсиси 915 ҷойи корӣ нақша - чорабинӣ тартиб дода, бо ин мақсад 37 миллиону 335 ҳазор сомонӣ масраф сохта, дар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру тармим 424 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”
Хуҷанд – Зафаробод – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh