Беш аз 50 000 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд

Дирӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварати корӣ, ки бо ҳузури муовини якуми Раиси вилоят, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони навоҳии пахтакор, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва корхонаҳои коркарди пахта доир шуд, рафти ҷамъоварии пахта ва қабули он аз тарафи корхонаҳои коркарди пахта мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози машварат иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати афзун намудани дастовардҳо дар ин ҷода тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони вилоят дар беш аз 58 ҳазор гектар пахта кишт намуда, ният доранд, ки 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.

Бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ҷамъоварии пахта дар шаҳру ноҳияҳо идома дошта, ҳамарӯза 55-58 ҳазор саҳмдорону ҳашарчиён ба чиниши дурри сафед машғуланд ва то санаи 6 октябр  ба хирмани Ватан бештар аз 50 ҳазор тонна “тиллои сафед” рехта шуд.

Бо мақсади сари вақту беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта зиёд намудани теъдоди чинакчиён мувофиқи мақсад арзёбӣ гардида, ҷалби шаҳрвандони бешуғл ба маъркаи пахтачинӣ зарур шуморида шуд.

Раиси вилоят ба масъулини соҳа дастур дод, ки бояд дастранҷи марди деҳқон пурра ҷамъоварӣ гардад ва барои ҳавасмандкунии чинакчиён ба ҳар килограм пахтаи чидашуда 70 дирам ҳақмузд дода шавад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки корхонаҳои коркарди пахта ҳар килограми пахтаро бо нархи 5,5 сомонӣ харидорӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh