Улуғбек Худойбердиев
1-уми июли соли 1988 дар оилаи деҳқон, ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Солҳои 1995-2006 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ба номи Исмоили Сомонии деҳаи Ашт таҳсил намудааст.
Аз соли 2006 то 2011 дар шўъбаи журналистикаи факултаи Филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳсил намуда, онро бомуваффақият ба итмом расонидааст.
Солҳои 2013 ва 2014 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.
Худойбердиев Улуғбек фаъолияти кориву эҷодиашро аз овони донишҷўӣ оғоз намуда, аз соли 2009 дар рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» фаъолият мебарад.