Аминов Абдуғафур

Абдуғафур АМИНЗОДА (Аминов Абдуғафур Рауфович) 13-уми марти соли 1964 дар деҳаи Рӯмон, Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи ҳунарманди номӣ - Рассоми халқии СССР Абдурауф Аминҷонов ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №26, ба номи Аминҷон Шукӯҳии деҳааш солҳои 1981-1982 дар Омӯзишгоҳи касбҳои техникии №2-и ба номи Ю.Гагарини шаҳри Хуҷанд таҳсил намуд. Солҳои 1982 - 1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР дар Ҷумҳурии Чехословакия хизмати Ватанро адо намуда, аз соли 1986 то инҷониб дар идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” (алҳол “Ҳақиқати Суғд”) фаъолият менамояд.      

Дар рӯзномаи мазкур вай аз ёрдамчии мусаҳҳеҳ корро оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои мусаҳҳеҳ, сармусаҳҳеҳ, телетайпчӣ, мухбир, ҷонишини котиби масъул, мудири шўъба фаъолият намуда, алҳол  котиби масъули идораро ба ўҳда дорад.

Хатмкардаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва курси кӯтоҳмуддати Университети мухбирони ҷавони созмони Иттифоқи журналистони вилоят солҳои 1992 - 1993 мебошад. Хабару мақола ва очеркҳояш дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ чоп шудааст. Ҳамчунин бо ҳафтаномаҳои ҷамъиятиву шаҳрӣ, соҳавии «Шӯълаи умед», «Соҳил», «Мироб», «Ирригатор» ва «Нурафшон» ҳамкорӣ дорад.

Аълочии матбуоту фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Конфедератсияи байналхалқии иттифоқҳои журналистӣ мебошад.

Барои хизматҳои бисёрсолааш дар соҳаи матбуот бо Ифтихорнома, Сипоснома, тӯҳфа ва мукофотҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Раёсати созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳри Хуҷанд ва Шӯрои федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят қадршиносӣ шудааст.

Абдуғафур Аминзода соҳиби оилаи меҳрубону чор фарзанд ва ҳашт набера аст.

Add comment


Security code
Refresh