Абдуллоев Мухтор Шокирович

Абдуллоев Мухтор Шокирович 18 январи соли 1967 дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара таваллуд ёфтааст.

Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург (Ленинград)-и Федератсияи Россияро бо ихтисоси журналист хатм намудааст. 

Ӯ солҳои 1991 -1999 ба ҳайси хабарнигор, мудири шӯъбаи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», солҳои 1999 -2010 хабарнигори махсуси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Суғд, солҳои 2010-2014 дар вазифаи роҳбарии Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, мудири бахши котиботи Раиси вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Мухтор Абдуллоев Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Идтиҳоди журналистони Тоҷикистон буда, муаллифи китобҳои «Лолаи хуршед», «Атияи умр» ва «Рӯ ба рӯ бо мардум» мебошад.

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 ноябри соли 2014 Абдуллоев Мухтор Шокирович сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» таъин гардид.

Add comment


Security code
Refresh