Ҷӯраева Тавҳида

13-уми майи соли 1960 дар деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.

Соли 1976 мактаби миёнаи рақами 10-уми шаҳри Душанбе ва соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДДМТ)-ро хатм кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 1981 то моҳи июни соли 1985 дар идораи ТоҷикТА (ҳоло АМИТ «Ховар») ба сифати мусаҳҳеҳ, мусаҳҳеҳи калон, барорандаи асосии маводи Москва ва хориҷа фаъолият бурдааст. Аз моҳи сентябри соли 1985 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») ба ҳайси радист-телетайпчӣ, мухбир, мухбири калон, мудири шӯъба ифои вазифа кардааст.

Тавҳида Ҷӯраева аз соли 2008 то кунун рисолати ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»-ро бар зимма дорад. Бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Раиси вилоят қадрдонӣ шудааст.

Add comment


Security code
Refresh